- вуҷуд
- [وجود]а1. ҳастӣ, мавҷудият; муқоб. нестӣ, адам; вуҷуд доштан будан, мавҷуд будан; ба вуҷуд овардан пайдо кунондан; офаридан, сохтан, ба миён овардан; ба вуҷуд омадан; а) пайдо шудан; сохта шудан, бино ёфтан (-и мас., асар, шаҳр, боғ, обанбор); б) ба дунё омадан, таваллуд ёфтан2. маҷ. бадан, ҷисм, пайкар, ҷусса; вуҷуди инсон бадани инсон; бо вуҷуди… қатъи назар аз…, сарфи назар аз…, ба… нигоҳ накарда; бо вуҷуди ин (он) // бо вуҷуди… қатъи назар аз ин (он), сарфи назар аз ин (он), ба ин (он) нигоҳ накарда, бо ҳамаи ин…; бо тамоми вуҷудаш бо тамоми ҳастияш, тамоми қувваташро ҷамъ карда; аз дилу ҷон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.